САНГФАРШКУНИ ДАР ДЕҲАИ КУҲДОМАН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

   Дар ноҳияи Ҷайҳун як қатор корҳои ободони ва созандагӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза пайдо намудааст. Аз он ҷумла бо дастгирии бевоситаи Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли ҷорӣ роҳҳои мошингузари Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷайҳун марҳила ба марҳила мумфарш ва сангфарш карда шуда, бо истифода аз лампаҳои каммасраф чароғонкун карда шудаистодааст.

   Инак бо иқдоми навбати сокинони деҳаи Куҳдомани Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун роҳи мошингузари маркази деҳа сангфарш гардидаистодааст. Зимни амалигардидани иқдоми мазкур масъулини ташкилоти ибтидоии “Куҳдоман” оид ба мухтавои Пешвои миллат дар самти корҳои ободони, созандагӣ ва бунёдкори бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуда, зикр гардид, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як шаҳрванди мамлакатро мебояд барои ободии хонаи худ, деҳаи худ ва ноҳияи худ саҳмгузор бошанд.

Сокинони деҳаи мазкур аз дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хушҳол буда, кӯшиш менамоянд, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бумбасти комуникатсионии мамлакат, инчунин пешрафту ободонии ватанамон Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузоранд.