СУҲБАТИ САРИРОҲӢ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ДӮСТӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 11-уми январи соли ҷорӣ бо мақсади идома бахшидани мулоқоту вохӯриҳо бо иштироки гуруҳи корӣ дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод дар ҳамбастагӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинони кӯчаи И. Сомонии Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ суҳбати сарироҳӣ баргузор гардид.

      Дар ин вохӯрӣ Раиси Кумитаи ҲХДТ дар ноҳия Ҳасанзода Т. суханронӣ намуда, оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат, ҳамзамон ҷиҳати иҷрои сифатноки талаботҳои қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷиктон” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуданд.