ҲУНАРМАНДӢ – ВАСИЛАИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 18-уми майи соли равон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти ҳунармандии бонувон, аз ҷумла ҳавасмандгардонии занон ва духтарон дар ин самт тариқи ташкили чорабиниҳои гуногуни шавқангез, сафарбар намудани аҳолӣ ба корҳои ободонӣ, рушди корҳои хонагӣ, саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, эҳё ва тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар назди бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ярмаркаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулотҳое, ки дастӣ омода мегарданд баргузор гардид.

Дар ин ярмарка Раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода А. А., муовинони раиси ноҳия, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Т., роҳбарону фаъолони ташкилоту муассисаҳо ва сокинону ҳунармандони чирадасти ноҳия иштирок доштанд.

Зимни баргузории ин намоиш роҳбарияи ноҳия ва иштирокдорон аз маҳсулотҳои омоданамудаи ҳунармандон дидан намуда, ба кори онҳо баҳои баланди касбӣ дода шуд. Ҳамчунин ҳунармандони хушсалиқаи ноҳия аз эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” илҳоми тоза гирифта, ба эҳё ва рушди ҳунарҳои халқӣ, аз қабили табақтарошӣ, кӯлолгарӣ, ҷомадӯзӣ, кашидадӯзӣ, либосҳои миллӣ ва амсоли ин камари ҳиммат бастаанд ва мақсади онро доранд, ки бо ин ҳунари хеш зиндагии хешро беҳтару хубтар созанд.