АКСИЯИ ТОЗАГИИ МУҲИТИ ЗИСТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҷиҳати сазовор истиқбол аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо бо иштироки аъзо ва фаъолони ноҳия корҳои тозагардонию ободонӣ бо маром амалӣ гардидаистодааст.

Аз ҷумла, ин навбат бо иштироки муовини аввали раиси ноҳия, аъзо, фаъолон ва сокинони ташкилотҳои ибтидоии “Қумсангир” ва “Истиқлол”  ҳашари дастаҷамъона ва шинонидани дарахтони ҳамешасабз баргузор гардида, атрофи роҳи ҳудуди Ҷамоат аз ҳаргуна ифлосиҳо ва алафҳои худрӯй тозаю озода гардонида шуд.

Метавон зикр намуд, ки бо гузаронидани шанбегӣ дар маҳали худ ҳар як сокин метавонад дар ободу зебо ва гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда гузорад.