ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИҲОИ ДАСТАҶАМЪОНА АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи иҷрои Нақшаи корӣ ҳамзамон ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободию зебогии диёр кули аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия ба сарҷамъона ба шанбегӣ баромаданд.

Аз ҷумла, санаи 6 - уми январи соли 2024 чунин аксияи тозагӣ дар ташкилотҳои ибтидоии “Мактаби варзишӣ” “Зарзамин” ва “Шифо” баргузор гардида, саҳн ва атрофи биноҳои ташкилотҳои ибтидоии болозикр рубу чин ва аз ҳаргуна ифлосию партовҳо тоза гардонида шуд.

 Ҳамзамон дар атрофи корхонаю ташкилотҳо ниҳолҳои сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шуд, ки ин ҳама ба зебогии ноҳия ҳусни дигаре зам намуд.