ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 6 - уми январи соли 2024 бо мақсади саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ҳамзамон баҳри иҷрои нақшаи корӣ аҳли аъзо, ҷонибдорон ва кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Раёсати молия”, “Ҳифзи муҳити зист”, “Ҳифзи иҷтимоӣ” ва “Шуғли аҳолӣ” дар ноҳияи Ҷайҳун ба шанбегии дастаҷамъона баромаданд.

Зимни баргузории шанбегии мазкур роҳравҳо, ҷӯйборҳо, зери гулу буттаҳои саҳни бинои ташкилоти ибтидоии “Раёсати молия” ва гирду атрофи он рубу чин гардида, ба ҷои гулҳои хушкида боз аз нав гулҳои сабзи ороишӣ шинонида шуд.