ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси пайравӣ аз сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, имрӯзҳо дар доираи Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, масъулини Кумита пайваста ба маъюбону барҷомондагон ғамхорӣ зоҳир намуда, ҳамзамон соҳибкорону шахсони саховатпешаро баҳри амалии чунин амали нек даъват менамоянд.

Дар ин радиф, санаи 3-юми январи соли 2024 аз ҷониби намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ба парастор ва ҳамсари шахси маъюб Муродов Асрор, сокини Ҷамоати деҳоти Қумсангир, ки солҳои зиёд бемори бистарист, нафақаи ҳизбӣ супорида шуд.