ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАР СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади пайравӣ аз сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, имрӯзҳо дар доираи Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, масъулини Кумита пайваста ба маъюбону барҷомондагон ғамхорӣ зоҳир намуда, ҳамзамон соҳибкорону шахсони саховатпешаро баҳри амалии чунин амали нек даъват менамоянд.

     Дар ин доира, санаи 2-юми январи соли 2024 аз ҷониби мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сайфулоев Р. ба Сафаров Боймаҳмад парастор ва падари маъюби дараҷаи 1-ум Сафаров Тошмаҳмад истиқоматкунандаи деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Панҷ, ки солҳои зиёд аз бинойи маҳрум аст, нафақаи ҳизбӣ супорида шуд.