ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои расонидани кўмаки молиявӣ ба маъюбон, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ муқарар карда шудааст.

Иқдоми мазкур санаи 28-уми декабри соли 2023 дар арафаи соли нави мелодӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сайфулоев Р. ба Сафаров Боймаҳмад парастор ва падари маъюби дараҷаи 1-ум Сафаров Тошмаҳмад истиқоматкунандаи деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Панҷ, ки солҳои зиёд аз бинойи маҳрум аст, нафақаи ҳизбӣ барои ду моҳи соли 2023 дар ҳаҷми 1000 сомонӣ супорида шуд.