НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 28-уми декабри соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии маъюбон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун нафақаи ҳизбӣ барои думоҳи соли 2023 дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ба парастори маъюби гурӯҳи 1-уми деҳаи Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Қумсангир Муродов Асрор дастрас гардонида шуд.

Зимни супоридани нафақаи ҳизбӣ масъулини ҳизбии ноҳия иброз намуданд, ки маъюбону барҷомондагон ва шахсони якаву танҳо пайваста зери ғамхории давлату ҳукумат, хусусан Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа пайваста таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.