ҲАШАРИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо дар тамоми деҳаву маҳалла ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, маъракаи ниҳолшинонӣ, тоза намудани ҷӯю заҳкашҳо ва омодагиҳо ба кишту кори баҳорӣ бо маром амалӣ гардида истодааст.

Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Ҷайҳун низ аз чунин маъракаҳо қафо намонда, дар атроф ва саҳни ташкилоту идораҳои худ ниҳолҳои ороишӣ, ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳо шинонида дар ободонии муҳити атроф саҳми худро гузоштаистодаанд.

Чунин иқдом дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Қумсангир" баргузор карда шуда, бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоӣ Одиназода Эмомиддин ва саҳми аъзоёни ташкилот дар ҳудуди ҷамоат ниҳолҳои ҳамешасабз аз ҷумла “Арча” шинонида шуда, саҳн ва атрофи ҷамоат тоза карда шуд.