АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!” АМАЛӢ МЕГАРДАД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти Олии кишвар ва саҳм гузоштан дар корҳои оббодонӣ дирӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Вахш” бо ҷалби аъзоёни фаъоли ҳизб ва сокинони деҳа роҳи кучаҳои деҳаи Вахши Ҷамоати деҳоти Истиқлол тариқи ҳашар ба масофаи зиёда аз 500 метр сангфарш ва мавриди истифодаи сокинон қарор дода шуд.

Метавон қайд кард, ки то имрӯз сокинон ҳангоми гузар кардан аз ин роҳ бисёр азият мекашид ва хушбахтона  ин душворӣ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем”  ҳалли худро пайдо намуда, сокинон метавонанд дар чор фасли сол озодона аз ин роҳҳо истифода намоянд.