АМАЛИ ИБРАТОМЕЗ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тоҷикистони биҳиштосо ва дорои заминҳои зархез ба сокинон имкон фароҳам меоварад, ки аз ҳар ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва дарахтони мевадиҳанда самаранок истифода бурда, ҷиҳати фаровонӣ аз тамоми намуди маҳсулот ва мевагиҳо захира намоянд. То дар фасли сармо аз онҳо низ самаранок истифода намуда, бо ин восита ба баланд бардоштани буҷаи оила таъсири мусбӣ расонад.

Дар ин росто бо ташабуси аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоии “Розиқобод” чунин корҳои захиранамойи ва истифодаи оқилонаи замин амалӣ гардида, ҳар як сокин дар анборҳои хонаи худ анвои маҳсулотҳои хурока, ҳаргуна кансерваҳо ва хушкмеваҳо захира намудаанд, ки имрӯзҳо аз он самаранок истифода намудаистодаанд ва мутмаинанд фасли дайро бе мушкилӣ паси сар намоянд.