ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ҲАДАФИ ЗАҲМАТКАШОНИ ҶАЙҲУН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун бо таҷрибаи бойи соҳаи кишоварзӣ тамоми бозорҳои мамлакат ва берун аз онро бо маҳсулотҳои тару тозаи соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла картошка, пиёз ва сабзӣ таъмин менамоянд ва ин аз меҳнату заҳмати беандоза ва самаранок истифодаи ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаи сокинон дарак медиҳад.

   Дар ин росто бо истифода аз техникаҳои махсус ва ҳавои мусоид имрӯзҳо дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маъракаи кишти картошка амалӣ гардид.

Тибқи маълумоти Ҳайдарзода Зикрулло - муовини аввали раиси ноҳия аллакай дар тамоми ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия кишти ин навъи маҳсулот анҷом пазируфта, марҳила ба марҳила нақшаи дурнамо иҷро карда мешавад.

Хоҷагидорон азм доранд, ки минбаъд низ кишти зироатҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзиро хуб ба роҳ монда, дар таъмини амнияти озукавории мамлакат саҳми арзандаи хешро гузоранд.