КУМАК БА ЯК ОИЛАИ НИЁЗМАНДИ ДЕҲАИ СЕБЗОР

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади пайрави аз сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иқдоми хайрхоҳонаи раиси ташкилоти ибтидоии Нозироти Андоз Раҳматшоев Ҷаъфар ва бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия  ба як оилаи камбизоат ва ниёзманди деҳаи Себзори Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ кӯмаки пулӣ ба маблағи 600 сомонӣ расонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии Нозироти Андоз яке аз ташкилотҳои фаъол ба ҳисоб рафта, дар арафаи иду ҷашнвораҳои гуногун пайваста  ба  оилаҳои ниёзманди ноҳия хусусан ба ин оилаи камбизоат кумакҳои гуногуни моддию пуллӣ мерасонад.