ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЙЁТИ СОЛИМ БО МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Субҳи саҳар дар майдони варзишии марказии ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки ҷавонону сокинони Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ ва толибилмони мактаби варзишӣ машқҳои пагоҳирӯзӣ доир карда шуд, ки дар он иштирокдорон бо як руҳу илҳоми тоза ҷамъ омада, ба обу тоби бадан ва таъмини тарзи ҳаёти солим машғул гардиданд.

Дар ин росто бо ибтикори роҳбарияти шуъбаи маорифи ноҳия, ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” ҳар субҳ дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия пеш аз оғози дарс чунин машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор мегардад. Ҳадаф ин таҳкими тарзи ҳаёти солим ва тарғибу ташвиқи оммавияти варзиш ба сокинон ба ҳисоб рафта, ҳар машқи баргузоргардида дар солимии  ҷомеа таъсиргузор хоҳад буд.