ҲИЗБИЁН ДАР ОБОДИИ ДИЁР САҲМИ ХЕШРО МЕГУЗОРАНД.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои ободкорона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланд ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муҳими миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти "Истиқлол" бо ташаббуси аъзои фаъоли ҲХДТ, соҳибкорону сокинони деҳа дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони «Якҷоя  месозем!» тариқи ҳашари дастаҷамъона корҳои ободонӣ амалӣ гардида, роҳи аҳамияти маҳалидоштаи деҳа сангфарш ва атрофи он таъмир намуда шуд.

Маврид ба ёдоварис, ки чунин амали неку созанда бо ҷалби фаъолон ва ашхоси ватандӯст дар дигар деҳаҳои ноҳия бо маром идома дошта, итминони комил аст, то рӯзи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар тамоми корҳои ободонӣ мардуми заҳматкаши ноҳияи Ҷайҳун саҳми хешро хоҳанд гузошт.