АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ПОСИ ХОТИРАҲО”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади таҷлил намудани 77-солагии ҷашни Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва бо ҷалби волонтиёрони назди Кумитаи иҷроия дар оромгоҳи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар  деҳаи Рӯдакии ҷамоати деҳоти Панҷ аксияи ҳизби зери унвони “Поси Хотираҳо” доир карда шуд. 

  Дар аксияи мазкур мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғафорова Н., аъзоёни фаъоли ҳизб ва ҷонибдорони ин амалиёт иштирок намуда, корҳои тазакунии дохил ва гирду атрофи қабристонро ба сомон расониданд.

Бояд қайд кард, ки мо ҳизбиён дар назди рӯҳи шаҳидони роҳи озодии Ватан, дар назди қаҳрамониҳои падарон сари таъзим фуруд меорем. Хотираи онҳоеро, ки бо гузашти солҳо бо зиндагӣ падруд гуфтаанд, пос медорем. Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем.