“СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МАВЗӮИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДА”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25 ноябри соли 2023 дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №34- и ноҳияи Ҷайҳун дар асоси Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон зери унвони “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.

Дар ин соати сиёсӣ баромадкунандагон доир ба мавзуҳои “Таъсисёбӣ ва дастовардҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва “Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ” баромадҳо ва суҳбатҳои судманд баргузор намуданд.