ҶАЛБИ САРБОЗОНИ ИХТИЁРӢ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ КИШВАР

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун зимни баргузории корҳои таблиғотӣ оид ба сафарбаркунии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-нафар сокинони ҷамоатҳои деҳоти Истиқлол, Дӯстӣ, Панҷ ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуда, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвара бо сари баланд пайвастанд ва аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод бо ин сарбозони ихтиёрии ҲХДТ ва волидони онҳо суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.

  Сипас ҷиҳати сафарбар гардидани сарбозони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар назди ҳозирин ва волидони даъватшудагон ба ҳаряки онҳо шаҳодатномаи “Сарбози ихтиёрии ҲХДТ” тақдим карда шуд.