НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН ДАСТРАС КАРДА ШУД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 5-уми майи соли равон бо мақсади пайравӣ намудан ба сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сайфулоев Р. бахшида ба истиқболи ҷашни “Ғалаба” ба аёдати як нафар маъюб- Сафаров Тошмаҳмад, истиқоматкунандаи деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Панҷ рафта, дар рафти дидорбинӣ ба ин ашхоси осебпазир нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ расонида шуд.

Метавон зикр кард, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбону барҷомондагон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз минбаъд ин иқдоми нек ҳар моҳ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия идома ёфта, ин шахси маъюб таҳти ғамхорӣ ва бо нафақаи ҳизбӣ таъмин хоҳад гашт.