АМАЛИЁТИ МУШТАРАК ЗЕРИ УНВОНИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МТМУ №4

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташшаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери унвони "Соати сиёсӣ" дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид.         

Дар рафти баргузории ин амалиёт масъулин оид ба моҳияти  тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, муқовимат бо гурӯҳҳои ифротӣ ва иғвоангез,  дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуданд. Сипас аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри ҳифзи марзу буми кишвар, дастовардҳои даврони Истиқлолияту мустаҳкам нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ бетараф набуда, дар ободии кишвари маҳбубамон саҳмгузор бошем.