САҲМИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНӢ НАЗАРРАСАНД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 18-уми ноябри  соли равон бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, аъзо ва фаъолони ташкилотҳои ибтидоии “Раёсати молия” ва “Шуғли аҳолӣ” баҳри тозаю озода гардонидани гирду атроф ва сарсабзу хуррамгардонӣ назди биноҳои ташкилотҳо шанбегӣ баргузор гардид.

    Дар рафти шанбегӣ ҳавлии биноҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва Раёсати молия рубучин гардида, атрофи гулҳои ороишие, ки дар назди ин биноҳо нашъунамо меёфтанд аз ҳаргуна алафҳои бегона тоза гардонида шуданд.

Ин ҳама корҳои ободонию зебоигардонӣ баҳри сазовор истиқбол аз ҷашнҳои миллӣ рӯзи “Парчами давлатӣ” ва “35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳия баргузор гардида истодаанд.