ШАНБЕГӢ БАҲРИ ЗЕБОГИИ ДИЁР

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 18-уми ноябри соли равон бо иштироки аъзо ва фаъолон дар ташкилоти ибтидои ҳизбии “Кумитаи варзиш”-и ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи диёр шанбегӣ гузаронида шуд.

Дар ин шанбеги ҷавонон гирду атрофи бинои ташкилот ва майдони марказии ноҳияро аз ҳаргуна алафҳои бегона тоза, бехҳои дарахтон ва гулҳои ороиширо нарм ва ҷӯйборҳои обравро тоза намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки чунин иқдомҳо баҳри таҷлил аз рӯзи Парчами давлатӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта баргузор карда мешаванд.