ДАСТИ КӮМАК БА АШХОСИ НИЁЗМАНД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 16-уми ноябри соли равон дар асоси дастуру ҳидоятҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кумакҳои моддию маънавӣ ба ашхоси ниёзманди ҷомеа бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун дар арафаи таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи тақдирсози миллат ба як қатор маъбон, беморон ва ятимон маводҳои ғизои кумак расонида шуд.

Метавон зикр кард, ки чунин иқдоми башардӯстона дар ҳар як чорабиниҳо ба ин қишри ниёзманди ҷомеъа аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҳизбии ноҳия расонида мешавад.