АТРОФИ РОҲҲОИ ДЕҲОТ ЧАРОҒОН КАРДА ШУД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати сазовор истиқбол аз ҷашни муҳими миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон баҳри муҳайё намудани шароити мусоид баҳри сайру гашт ва фароғати сокинони маҳал,  имрӯзҳо дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷайҳун корҳои ободонӣ ва чароғонкунии атрофи роҳҳои деҳот бо маром амалӣ гардида истодааст.

   Аз ҷумла чунин иқдом дар доираи аксияи ҳизбӣ “Якҷоя месозем”  дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол амалӣ гардида, бо ҷалби аъзои ҳизб, фаъолон ва сокинон атрофи роҳи марказии ҷамоат чароғон карда шуд.