УЗВИ ҲХДТ БУДАН ИФТИХОР АСТ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои Нақша-чорабиниҳо ва ҷалби аъзои нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки шахсони сазовору арзанда ба сафи ҳизб қабул карда шаванд.

  Дирӯз бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сайфулоев Р. дар фазои тантанавӣ ба аъзои нави ҳизб аз ташкилоти ибтидоии “Матбаа” шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, таъкид гардид, ки бояд ҳар як аъзои ҳизб дар корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, барои фаҳмонидани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҳизб фаъол бошад. Аз ин лиҳоз моро мебояд сафи ҳизбро аз ҷавонони фаъолу болаёқат, шахсони ватандӯсту ватанпараст афзун намоем.