НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ТАЪМИН ГАРДИД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади амали намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхорӣ намудан нисбат ба маъюбон, ниёзмандон ва қишри осебпазири аҳолӣ, аз ҷониби сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Хоҷаева София ба 1 - нафар маъюб, истиқоматкунандаи деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти  Панҷ, Алиев Ҳамидҷон нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас гардонида шуд.

Зимни расонидани кӯмаки молиявӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иброз доштанд, ки маъюбону барҷомондагон ҳамеша таҳти ғамхориҳои роҳбарияти давлату ҳукумат, хусусан Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамаҷониба дасгирӣ меёбанд.

Мавриди зикр аст, ки Алиев Ҳамидҷон аз моҳи январи соли 2023 ба рӯйхати гирандагони нафақаи ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ворид гардида, минбаъд ҳар моҳ бо нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ таъмин мегардад.