РАФТИ БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ «МАКТАБИ МАН»

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и Ҷамоати деҳоти Қумсангир Амалиёти муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери унвони- “Мактаби ман” бо иштироки хатмкардагони таълимгоҳи мазкур баргузор карда шуд.

Дар рафти ин амалиёт оиди камбудиҳои дар муассисаи таълимии номбурда ва расонидани кумакҳо баҳри бартараф намудани онҳо бо хатмкардагон вохӯрӣ баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки Амалиёти муштараки - “Мактаби ман”- ҳадафи созандаву бунёдкорона буда, дар тарақиёту пешрафти соҳаи маорифи кишвар метавонад ҳиссагузор бошад.