ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади идома бахшидани баргузории соатҳои сиёсӣ дар муассисаҳои таълии ҳудуди ноҳия, тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Соати сиёсӣ" дар муассисаи таълимии №8 баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузории ташабуси мазкур ин баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, донистани таърихи давлату миллати худ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор мебошад.