РАФТИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷайҳун Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Соати сиёсӣ" баргузор карда мешавад. Мақсад аз баргузории ташабуси мазкур ин баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, донистани таърихи давлату миллати худ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор мебошад.

Дар ин росто "Соати сиёсӣ" дар МТМУ-1 бо иштироки омӯзгорони соҳибтаҷриба баргузор гардида, доир ба мавзӯъҳои "Конститутсия бахтномаи миллат" "Истиқлолият ва ҳувияти миллӣ" ва "Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон" бо хонандагони синфҳои болоӣ доир карда шуд.