МУМФАРШКУНИИ РОҲҲО БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” сокинони ноҳияи Ҷайҳун дар қатори дигар сокинони саодатманди кишвари азизамон ба як қатор корҳои созандагию бунёдкорӣ аз ҷумла дар таъмири роҳҳо ва мумфарш намудани онҳо саҳм гузошта истодаанд.

       Хусусан дар доираи аксияи мазкур аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, саховатмандон ва соҳибкорони мувафақ, бо дастгирии аҳолӣ роҳи дохили деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ мумфарш карда шуд.

         Маврид ба ёдоварист, ки чунин тадбирҳои ободкорӣ, мумфаршкунии роҳҳо дар ноҳия тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ амалӣ гардида истодааст.