БАХШИДА БА САЗОВОР ИСТИҚБОЛ АЗ ҶАШНИ “35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади таъмини шароити хуби корӣ ва хизматрасонӣ ба сокинон имрӯзҳо таъмири капиталии Марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии деҳот бо маром идома дошта, ин навбат бо ташаббуси бевоситаи аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Истиқлол” дар деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти Истиқлол як адад бунгоҳи тиббӣ пурра таъмир гардида, дар атрофи он чароғҳои равшанидиҳанда насб  карда шуд.

Қобили зикр аст, тамоми иншоотҳои соҳаи тандурустӣ то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” ба пуррагӣ таъмиру азнавсозӣ ва бо лавозимотҳои лозима таъмин хоҳанд гашт.