САҲМИ СОКИНОН ДАР ОБОДИИ ДИЁР НАЗАРРАС АСТ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” бо ташабуси раиси ташкилоти ибтидоии “Истиқлол” ва иқдоми пешгирифтаи ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз”, бо саҳми аъзои фаъол, соҳибкорон ва саховатмандони ташкилоти ибтидоии “Истиқлол”, бахшида ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифода аз нақлиёти махсус таъмири роҳи мошингарди ҳудуди Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо маром амалӣ гардида истодааст.

  Дар рафти баргузории ташаббуси мазкур масъулин доир ба раванди баргузории Аксияи тарғиботӣ -ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» ибрози ақида намуда, қайд карда шуд, ки аксияи мазкур бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагонӣ, ободу зебо гардонидани як гушаи диёр ва ҳалли мушкилоти сокинон ҳангоми ҳаракат роҳандозӣ хоҳад гашт. Зимнан сокинон аз ин иқдоми неку созанда руҳбаланд гардида, минатдории хешро ба ташаббускорони ин кори хайру савоб ва роҳбарияти кишвар расониданд.