ИДОМАИ СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон ҳамзамон тибқи Нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи ноҳия таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ ва дар назди муассисаҳо сохтани синфхонаҳои иловагӣ бо маром идома дорад.

    Чунин кори созандагӣ дар муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Қумсангир амалӣ гардида, дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Метавон зикр намуд, ки бунёди синфхонаҳои иловагӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас мусоидат менамоянд. Ҳамзамон ин аз байн бурдани норасоии ҷойи нишаст ва туҳфаи хубе ба хонандагону омӯзгорони муассиса таълимии мазкур мебошад.