САҲМИ СОКИНОН ДАР ОБОДОНИИ ДИЁР НАЗАРРАС АСТ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии мамлакат ва ҳамзамон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо баҳри дар сатҳи баланд истиқбол аз ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ имрӯзҳо дар тамоми деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ҷайҳун дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ зери унвони «Якҷоя месозем» корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ бо саҳми фаъолону сокинони ноҳия бо маром амалӣ гардида истодааст..

    Дар доираи чунин ташаббус бо саҳми аъзо ва ҷонибдорони ҳизби ноҳия роҳи марказии деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти Истиқлол, ки ноҳамвору таъмирталаб гардида буд, таъмир гардида, қубури атрофи он аз ҳаргуна ифлосиҳо тозаю озода гардонида шуд.

Мақсад аз баргузории чунин аксияҳо ин ҳалли мушкилотҳо ва беҳтар намудани шароити зисту зиндагонии сокинон ба ҳисоб меравад.