КОРҲОИ ОБОДОНӢ БАХШИДА БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Китобхона - боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва макони омӯзиши тамоми маълумотҳои илмӣ ба ҳисоб рафта, инсониятро ба роҳи дурусту осоишта ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз таъмиру таъмини китобхона бо лавозимотҳои лозима талаботи замони муосир ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад.  

     Бо ин мақсад имрӯзҳо дар доираи истиқбол аз ҷашни муҳими миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳангчиён” ва саҳми аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун китобхонаи марказии ноҳия ва филиалҳои он пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, бо шароити хубу мусоид ҷиҳати аз худ намудани илму маърифат ба сокинон мавриди истифода қарор дода шуд.