ТАЪМИНИ ШАРОИТИ ХУБИ ТАЪЛИМӢ – ОМИЛИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ДОНИШ.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати  таъмини шароити мусоиди таълиму тарбия ва дар синфхонаҳои замонавию барҳаво омӯхтани илму ҳунар дар рӯзҳои таътилии тобистона дар аксарияти муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷайҳун бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизбии ноҳия сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба анҷом расонида шуд.

Аз ҷумла, дар доираи ташаббуси ҳизбии “Мактаби ман” дар назди муассисаи таълимии №41-и ноҳия сохтмони бинои алоҳидаи таълимӣ дорои 4 синфхона ба итмом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.

         Ҳамзамон дар назди бинои таълимии навбунёд як адад иншооти гигиёнӣ бо усули дренажӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки ин ба талаботи замони муосир пурра ҷавобгӯ мебошад.