КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГИ БА ИСТИҚБОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  “Амонатбонк” дар ноҳияи Ҷайҳун, баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, дар корҳои ободони саҳми худро мегузоранд.

         Бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари дастаҷамъона доир гардид, ки дар он Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  “Амонатбонк”,  фаъолона ширкат варзида, барои тоза нигоҳдоштани гирду атроф саҳми арзанда худро гузоштанд.