КОРҲОИ МУМФАРШКУНӢ ДАР ДЕҲОТ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАНД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба истиқболи 35–солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун, як қаттор корҳои ободониву созандагӣ  аз ҷумла сангфаршкунӣ ва мумфаршкунӣ бо маром идома ёфта истодааст.

    Дар деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти Истиқлол дар баробари дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон, саховатмандон ва сокинон низ дар ин  амали хайр саҳми арзандаи худро мегузоранд. Бояд қайд намуд, ки  деҳаи номбурда,  пас аз сангфаршкуни  роҳҳи  асосии деҳа пурра мумфарш карда шуд. Дар як руҳияи баланди созандагиву бунёдкорӣ ва иқдоми соҳибкороне, ки дар маҳаллаи зикргардида зиндагӣ мекунанд  назаррас мебошад.