ХИЗМАТРАСОНИИ ВОЛОНТЁРӢ БА БАРҶОМОНДАГОН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 22-юми апрели соли равон бо мақсади иҷрои банди 61-и Нақша кории Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун оид ба роҳ мондани хизматрасонии волонтёрӣ – нигоҳубини барҷомондагон ва эҳтиёҷмандон бо иштироки мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳия Ғафорова Н.,  2 нафар волонтёр ва намояндаи соҳаи тандурустӣ ба аёдати шахсони якаву танҳо ва барҷомондаи сокини кӯчаи Ҷ. Румии ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ рафта, аз ҳолу аҳволи ин шахси барҷомонда бохабар гардиданд. Ҳамзамон зимни аёдат ба ӯ ёрии тиббӣ расонида шуда,  ҳавлӣ ва хонаи истиқоматиаш тозаю озода гардонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки чунин амали хайру савоб чун анъана идома дошта, ин шахсиятҳои эҳтиёҷманд ва барҷомонда ҳамеша дасгирӣ меёбанд ва аз мадди назари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дур нахоҳанд буд.