ТАШАББУСИ НАВБАТИИ АЪЗОЁНИ ҲИЗБ ДАР ОБОДИИ РОҲҲО

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” бо ташабуси раиси ташкилоти ибтидоии “Истиқлол” ва иқдоми пешгирифтаи “Идораи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия”, аъзои фаъол, соҳибкорон ва саховатмандони ташкилоти ибтидоии “Вахш”, бахшида ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифода аз нақлиёти махсус таъмири роҳи мошингард бо маром амалӣ гардида истодааст.

Мақсади ташкили чунин аксияҳо беҳтар намудани шароити зиндагонӣ, ободу зебо гардонидани як гушаи диёр ва ҳалли мушкилоти сокинон ҳангоми ҳаракат мебошад. Сокинон аз ин иқдоми неку созанда руҳбаланд гардида, минатдории хешро ба ташаббускорони ин кори хайру савоб ва роҳбарияти кишвар расониданд.