ИДОМАИ ТАЪМИРИ ПУЛ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ ва таъмиру азнавсозии пулҳо баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ҷайҳун дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ зери унвони «Якҷоя месозем» корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ бо маром идома дорад.

Дар доираи чунин ташаббус бо саҳми аъзо ва ҷонибдорони ҳизби ноҳия пули мошингузари деҳаи Вахш, Ҷамоати деҳоти Истиқлол, ки таъмирталаб гардида буд ва ба рафту омади сокинон мушкилӣ эҷод мекард, таъмир ва аз навсозӣ гардидада, қубури асосии обгузар зери он аз нав таъмир ва насб карда шуд.