АМАЛИ НЕК ДАР АРАФАИ МОҲИ “ШАРИФИ РАМАЗОН"

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” ба яке аз собиқадорони соҳаи маорифи ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳия бахшида ба моҳи “Шарифи Рамазон” иқдоми хариявӣ ташкил ва баргузор гардид.

Иқдоми мазкур бо мақсади дасгирии собиқадорон, камбизоатон, ятимон ва бепарасторон амалӣ гашта, 1 оилаи собиқадори меҳнат дар ин моҳи муборак аёдат гардида, зимни вохӯрӣ бо кумаки яквақтаинаи моддӣ аз қабили орд, равған, шакар, картошка ва пиёз дастрас карда шуд.

Метавон гуфт, ки оилаи мазкур аз ин иқдоми нек ва амали хайру савоб хушҳол гашта, изҳори миннатдории худро ба ташабускорон ва роҳбарияти Олии кишвар баён кард.