ИҚДОМҲОИ ХАЙРХОҲОНА ДАР АРАФАИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дирӯз бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Яккадин” дар деҳаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Яккадин иқдоми хариявӣ дар арафаи моҳи Шарифи Рамазон ташкил ва баргузор карда шуд.

Иқдоми мазкур бо мақсади дастгирии собиқадорон, камбизоатон, ятимон ва бепарасторон амалӣ гашта, 4 оилаи камбизоат аёдат гардида, ба ҳар яки онҳо маводҳои ғизои дастрас карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки ин оилаҳои камбизоат аз иқдоми нек ва амали хайру савоб хушҳол гашта, изҳори миннатдории худро ба Роҳбарияти Олии кишвар ва ташабускорони ин амали нек баён намуданд.