ОБОДОНӢ МАРОМИ МОСТ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави сиёсатҳои хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол аз ҷашни муҳими миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳои тамоми роҳҳои кӯчаю маҳаллаҳои ноҳияи Ҷайҳун мумфарш гардида истодаанд.

    Ин навбат, имрӯз роҳи марказии деҳаи Ҷӯбори Ҷамоати деҳоти Қумсангир бо иқдоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, маъмурияти Ҷамоати деҳоти Қумсангир аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, ҳамзамон соҳибкорону саховатмандони ноҳия пурра мумфарш гардида, мавриди истифодаи сокинон қарор дода шуд.