ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва саҳм гузоштан дар сарзабзу хуррам гардонидани ҳар гушаи диёр ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар ноҳияи Ҷайҳун пайваста маъракаҳои шанбегӣ гузаронида мешавад.

    Ин навбат бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизбии “Маорифчиён” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ чунин шанбегӣ зери унвони “Ободии диёр мароми мост!” баргузор гардида, гирду атрофи муассисаи таълимӣ аз ҳаргуна ифлосиҳо ва алафҳои худрӯй тозаю озода гардонида шуд.