ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ҲИЗБИЁН ДАР ОБОДИИ МАҲАЛ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” бо ташабуси раиси ташкилоти ибтидоии “Истиқлол” ва иқдоми пешгирифтаи “Идораи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия”, аъзои фаъол, соҳибкорон ва саховатмандони ташкилоти ибтидоии “Истиқлол”, бахшида ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар минтақаи Ҷамоати деҳоти Қумсангир ва Истиқлол то сарҳади ҷамоати деҳоти Яккадини ноҳияи Ҷайҳун бо истифода аз нақлиёти махсус таъмири роҳи мошингард бо маром амалӣ гардида истодааст.

Зимни баргузории ин ташаббус масъулин доир ба раванди баргузории Аксияи тарғиботӣ -ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» сухан рафта, қайд карда шуд, ки аксияи мазкур бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагонӣ, ободу зебо гардонидани як гушаи диёр ва ҳалли мушкилоти сокинон ҳангоми ҳаракат роҳандозӣ хоҳад гашт. Сокинон аз ин иқдоми неку созанда руҳбаланд гардида, минатдории хешро ба ташаббускорони ин кори хайру савоб ва роҳбарияти кишвар расониданд.