НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОБИИ РОҒУН – КАФИЛИ ФАРДОИ ДУРАХШОН!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 20-уми июли соли ҷорӣ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Шуғли аҳолӣ” ва дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани бекорон бо ҷои кори доимӣ, аз ҷумла, ба корҳои сохтмонии “Неругоҳи барқии обии Роғун” дар саҳни боғи фарҳангию фароғатии ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.

Дар ярмаркаи мазкур раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо ва сокинони ноҳия иштирок намуда, бо рӯйхати ҷойҳои кории холӣ шинос шуданд.

Мақсад аз баргузории ин ярмарка  амалишавии яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, таъмини шуғлнокии онҳо, ҷиҳати бо ҷойи кори доимӣ ва муваққатӣ таъмин намудани ҷавонони корҷӯ мебошад.

Қобили зикр аст, ки Роғун иншооти бузурги аср буда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро барои ба истиқлолияти энергетикӣ расонидан ва амали гардидани ҳадафи стратегии мамалакат заминаи мусоид мегузорад.

Воқеан ҳам, НБО-и «Роғун» барои имрӯзу ояндаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ аҳамияти муҳимми стратегӣ дорад. Ин аст, ки тамоми мардуми кишвар сохтмони ин кохи нурро самимона дастгирӣ намуда, онро иншооти тақдирсози миллат меҳисобанд.