ТАЪМИРИ ПУЛ КОРИ ХАЙРУ САВОБ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ ва таъмиру азнавсозии пулҳо баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ҷайҳун дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ зери унвони «Якҷоя месозем» ва «Якҷоя ҳал мекунем» корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ бо маром рафтаистодааст.

         Дар доираи чунин ташаббус бо саҳми аъзо ва ҷонибдорони ҳизби ноҳия пули мошингузари ҳудуди Ҷамоати деҳоти Истиқлол, ки хароб гардида буд ва ба рафту омади сокинон мушкилӣ эҷод мекард, таъмир ва аз навсозӣ гардидада, қубури асосии обгузари зери он аз нав таъмир ва насб карда шуд.